Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Амрико назорати Интернентро аз даст дод


Ҳукумати ИМА салоҳиятҳояшро дар назорат бар шабакаи Интернет камтар кард. Вазорати савдои Амрико рӯзи чоршанбе созишномаеро имзо кард, ки тибқи он як ширкати хусусии ғайритиҷоратии интернетӣ воқеъ дар Калифорния (Internet Corporation For Assigned Names And Numbers) истиқлолияти бештарро касб карда дарҳояшро барои назорати бештари кораш аз ҷониби нозирони байналмилалӣ боз мекунад. Созишномаҳои пешина ба мақомоти Амрико имконияти назорат кардани ширкатро аз наздик фароҳам меовард. Ин ширкат бо ҳамоҳангсозии кори низоми домен ва иҷрои вазифаҳои дигари марбут ба фаъолияти Интернет дар ҷаҳон машғул мешавад. Бар тибқи созишномаи нав акнун намояндаҳои ҳукуматҳои хориҷӣ барои назорат аз кори ин ширкат роҳ дода мешаванд. Иттиҳодияи Аврупо, ки дар тӯли солҳо мақоми афзалиятноки ҳукумати ИМА-ро дар назорати Интернет танқид мекард, ин созишномаро истиқбол кард ва гуфт, ки ҳоло корбарони Интернет метавонанд умед банданд, ки кори ширкат мустақилтару бо масъулияти бештар ба роҳ монда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG