Пайвандҳои дастрасӣ

Ба раиси Сандуқи асъор кафш партофта шуд


Имрӯз дар Истанбул як донишҷӯи донишгоҳи маҳаллӣ ҳангоми ба саволе посух додани раҳбари Сандуқи байналмилалии Пул Доминик-Штраусс Канн ба тарафи ӯ кафши худро партоб кард. Ин пойафзол ба ҳадаф нарасид, вале амниятиҳо зуд донишҷӯи эътирозгарро, ки хабарнигори як нашрияи чапгарои маҳаллӣ ҳам будааст, боздошт карданд. Нишасти мазкур зуд мутаваққиф ва толори маҷлисгоҳ холӣ карда шуд. Ҳодисаи мазкур шабеҳ ба ҳодисаи кафшпартоии соли гузаштаи як хабарнигори ироқӣ буд, ки ҳангоми суханронии Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақти Амрико дар як нишасти матбуотӣ дар Бағдод рӯй дод.
XS
SM
MD
LG