Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама стратегияи Афғонистонро андеша дорад


Кохи Сафед гуфт, ки президенти Амрико Барак Обама як гуфтугӯи бозу самимиро бо мушовирони милливу низомии худ дар бораи иқдомоти баъдии Вашингтон дар Афғонистону Покистон анҷом дод. Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед баъди анҷоми як гуфтугӯи сесоата шоми дирӯз гуфт, ки Обама ният дорад чанд ҳафтаи ояндаро низ барои бознигарии стратегияи Амрико дар минтақа сарф карда нишасти баъдиашро дар ин масъала рӯзи 7 октябр баргузор кунад. Яке аз муҳимтарин масъалаҳои гуфтугӯҳо ин аст, ки оё Амрико омода аст ба иловаи 60 ҳазор сарбозаш нирӯҳои бештарро барои муқобила бо шӯришиёну Толибон ба минтақа сафарбар кунад.
XS
SM
MD
LG