Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи куштори афроди мулкӣ дар Афғонистон


Мақомоти низомии НАТО ва ИМА мегӯянд, ки онҳо машғули таҳқиқи гузорише ҳастанд, ки дар бораи куштори занону кӯдакон дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Ҳилманд хабар медиҳад. Мақомот гуфтанд, шоми чоршанбе баъди он ки онҳо бо оташи шӯришиён рӯбарӯ шуданд, ки аз як манзили маҳаллӣ кушода шуда буд, нирӯҳои хориҷӣ ҳавопаймои худро баргардонданд. Як раҳбари қабилаӣ гуфт, ки дар миёни қурбониҳои ин ҳодиса, ки нӯҳ нафар буданд, як кишоварз ҳамроҳи зану чаҳор фарзандаш кушта шуданд. Ҳодисаи мазкур хашму ғазаби аҳолии маҳаллиро ба миён овард, ки дар натиҷа боиси ба миён омадани танише дар миёни ҳукумати Ҳомиди Карзай ва фармондеҳони низомӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG