Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Cерҷамъияттарин давлати ҷаҳон – Ҷумҳурии Чин 60-солагии сари қудрат омадани ҳизби коммунистро таҷлил кард.

Раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳу Ҷинтао, ки айнан мисли муассиси Ҷумҳурии халқии Чин Мао Дзе Дун дар соли 1949 дар минбари майдони Тиянанмин қарор дошт, ӯҳдадор шуд, ки дар оянда ҳам кишвараш дар роҳи “сотсиализми дорои хусусиёти чиноидошта” ҳаракат хоҳад кард. Оқои Ҳу афзуд, иқтисоди ин кишвар, ки аз назари бисёриҳо вижагиҳои хоси як низоми капиталистиро дорад, барои навовариву пазириши тағйироти ҷаҳонӣ боз хоҳад буд.

Ҳу Ҷинтао барои истиқболи ширкатдорони гашти идона – 100 ҳазор сарбозону сокинони мулкии кишвараш дар лимузини болокушода ҳозир шуд.

Дар паради ҳарбӣ артиши озодихоҳи мардумӣ охирин дастовардҳои низоми таслеҳотии кишварро ба намоиш гузошт. Дар миёни онҳо, ба қавли телевизион, мушакҳои навъи “Донгфенг-31”, ки тавони ҳамли кулоҳакҳои ҳастаиро дар масофаи беш аз 10 ҳазор километр дорад, ба намоиш гузошта шуд. Дар само навтарин ҳавопаймоҳои ҷангиву чархболҳои ҳамлагар парвоз карда тонкҳои нави ҳарбӣ майдонро убур карданд.



Дар паи он намоиши дастовардҳои Чин дар риштаи кайҳон, тиҷорату саноат ва кишоварзӣ баргузор шуд. Назар ба гузоришҳо, ҳеҷ чизе дар ин рӯз баргузории ҷашни ҳизби коммунистии Чинро халалдор накард, ҳатто ҳаво ҳам дар ин рӯз таҳти назорати шадид қарор дошт. Гуфта мешавад, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз борону боришот абрҳо бо маводи вижаи кимиёӣ безарар гардонда шуда буд. Аз лиҳози амниятӣ бошад, тамоми атрофи майдони Тиянанмин дар ҳалқаи шадиди полису артиш қарор дошт. Яке аз охирин нооромиҳое, ки дар кишвар мушоҳида шуда вокунишҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард, саркӯби эътирозгарон аз поймолшавии ҳуқуқи уйғурҳо – як қавми туркнажод дар минтақаи Шинҷон буд.

Бо гузашти шаш даҳсола аз раҳбарии коммунистҳо дар Чин аммо тафовути миёни бахши сарварманду нодори ҷомеа дар ҳоли афзудан аст ва мақомот ҳар чи бештар дар ришвату фасод муттаҳам мешаванд.

Дар солҳои баъди пошхӯрии шӯравӣ Ҷумҳурии Чин ба яке аз шарикони муҳими иқтисодии ин ҷумҳуриҳо табдил шуд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, дар чанд соли ахир давлати Чин ба бузургтарин сармоягузори тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ҳам табдил шуда то кунун наздики 2 миллиард доллар дар Тоҷикистон сармоя гузоштааст. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар риштаҳои тиҷорату савдо, саноат, сохтмони роҳҳову тунелҳо тавсеа меёбад. Соли ҷорӣ тибқи як созишномаи нави байнидавлатӣ қарор шуд, ки ҷониби Чин ба Тоҷикистон дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Нуробод-1 дар рӯдхонаи Хингоб ва бунёди як Маркази тавлиди барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе кӯмак ва ин тарҳҳоро сармоягузорӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG