Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи кӯдакон


Акбар, як хонандаи мактаб аст, ки нав 10 сол дорад, вале таҷрибаи зиндагии ӯ чунон бой аст, ки меарзад дар борааш қиссаву ҳикояҳо нависӣ.

Вай мегӯяд, як муддат дар нақлиёти мусофирбар бо пардохти ҳаққи роҳ машғул шудааст: «Ман ҳамроҳи бародарам дар як нақлиёти мусофиркашонӣ (Газел) кор мекардем, он замон ман дар синфи севум таҳсил мекардам ва кори ман пас аз дарс сурат мегирифт. Бародарам, ки он замон 15 сол дошт, аз саҳарии барвақт то омадани ман аз мактаб кор мекард, мо ҳар ду ҳар рӯз бар ивази корамон 8-10 сомонӣ дарёфт намуда, ба модарам кӯмак мерасонидем».

Акбар мегӯяд, то ин замон кори кондукториро ҳамроҳ бо бародараш ба иҷро мерасонд, аммо баъди ҳиҷрати волидонаш ба Русия тасмим шуд, ки бародараш ба кори бозор баромада, худаш танҳо дар нақлиёт кор кунад. Корҳои оила ба дӯши хоҳараш вогузор шуд. Ин се узви як хонавода аз паи дарёфти рӯзӣ буда, ҳар кадоме ба корҳои вазнини рӯзгор машғул шуданд: «Модарам ҳам дар рӯзи ид ба Русия ҳиҷрат карданд, Онҳо барои мо маблағ мефиристанд. То бозгашти онҳо мо худамон барои кору зиндагӣ дорем. Ман ҳар рӯз пас аз дарс ва рӯзҳои истироҳат аз саҳарӣ ба кори мусофирбарӣ машғул ҳастам».

Бо мушкилтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар, барҳам хӯрдани низоми маъмулии зиндагӣ, ки кори босуботи волидону
таҳсили бемамонеаи фарзандонро дар мактабҳои ройгон дар назар мегирифт, нақши атфол ҳам дар ҷомеа хеле дигар шуд. Дигар мафҳуми барои бисёриҳо шиноси машғулиятҳо дар кӯдакистону таҳсили ҳатмӣ дар мактаб мафҳуме шудааст танҳо хоси он қишри ҷомеа, ки соҳиби пулу имконият аст. Дигарҳо, мисли Акбар дар бораи кӯдакии худ тавре қисса мекунанд, ки гӯё бобову бобокалонҳои онҳо аз давраҳои пеш аз инқилоби болшевикию ҷанг мегуфта бошанд.

Соҳиб, як ҳамсӯҳбати хурдсоли дигари мо аст. Ӯ мегӯяд, дар баробари кор талош мекунад аз дарси мактаб дар канор намонад, вале на ҳамеша ҳамоҳанг кардани ин ду машғулият барояш даст медиҳад: «Модарам дар бозор ба фурӯши лавозимоти рӯзгордорӣ машғуланд, ҳар ҳафтаи рӯзи бозор пас аз дарс ба ёрии модарам мебароям. Дар баъзе рӯзҳо мо то вақти шом дар бозор савдо мекунем, ин ҳол маро хаста мекунад, баъзан дарсҳоям бетайёрӣ мемонад».

Манзура Султонова, сарвари иттиҳодияи ҷамъиятии “Саодат” ва муаллифи барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, мегӯяд, ҳамаи ин намунаҳо аз поймолшавии ҳуқуқи кӯдак дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Агар дар гузашта зери ин мафҳум танҳо ҳолатҳои латукӯб ё сарзаниши кӯдак, маҷбур кардани вай ба иҷрои кори хона фаҳмида мешуд, ҳоло ин истилоҳ бештар маънои иҷтимоӣ касб карда, шумори бештари ҷавонҳои аз таҳсилу хониш дар канормондаро дар назар мегирад. Ҳоло калонсолон огоҳона атфоли хурдсолро ба иҷрои корҳои вазнини ҷисмонӣ, боркашонӣ, тарки мактаб ба хотири даромади оилавӣ мефиристанд ва ҳеҷ кас, ниҳод ё сохтори масъул пеши роҳи онҳоро намегирад.

Манзура Султонова афзуд: «Дар аксар деҳаҳои дурдасти кишвар, ки мо сафари корӣ анҷом додаем, баръало мушоҳида мешуд, ки умдатан корҳои вазнини саҳроӣ, нигоҳубини мол, каландзанӣ, ба иҷрои кӯдакон мондааст».

Хонум Султонова гуфт, мутаассифона, ин ҳол ба сатҳи огаҳии кӯдакон, рушди маънавии онҳо, вазъи саломатиашон таъсири манфӣ мегузорад.

Мақомоти маориф мегӯянд, дар Тоҷикистон соли гузашта 50 ҳазор кӯдак аз таҳсили мактабҳои ҳамагонӣ дар канор мондаанд, ки яке аз сабабҳо масъалаи бенавоиву ба кори бармаҳал ҷалб шудани атфол гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG