Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати барканоршуда аз обурӯи СММ нигарон аст


Фиристодаи аршади СММ дар Афғонистон, ки бо сабаби баҳсҳои интихоботӣ аз ин вазифааш сабукдӯш шуд, гуфт, каноргузории ӯ ба обурӯи СММ латма мезанад. Дипломати амрикоӣ Питер Голбрайт, ки ба ҳайси муовини намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон ифои вазифа мекард, мегӯяд мутмаин аст, ки ӯро бо сабаби вуҷуди ихтилоф бо раҳбарияташ дар масъалаи тарзи бархӯрд бо иттиҳомоти марбут ба тақаллубҳои интихоботи рӯзи 20 августи Афғонистон аз вазифа сабукдӯш карданд. Дар мусоҳиба бо Ассошейтед Пресс Голбрайт гуфт, ки барояш тааҷҷубовар буд бифаҳмад, ки як мақоми СММ-ро барои изҳори норизоияташ дар робита бо ҷой доштани тақаллуб дар ҷараёни баргузории интихоботи аз ҷониби СММ пуштибонӣ ва маблағгузоришуда аз кор холӣ кунанд. Вай афзуд, ки ихтилофи ӯ бо раҳбари ҳайат дипломати норвежӣ Кай Эйде ба миён омадааст. Дар изҳороти дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар ин замина гуфта шуд, ки тасмими аз кор озод шудани Голбрайт ба хотири манфиатҳои ҳайат ва ба нишони пуштибонӣ аз оқои Эйде гирифта мешавад. Бар тибқи натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, Ҳомиди Карзай бо тафовути зиёд аз рақиби аслии худ вазири пешини умури хориҷӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ пеш гузаштааст. Вале то ҳанӯз маҳз бо сабаби иттиҳомоти зиёди марбут ба ҷой доштани тақаллуб ҳангоми раъйдиҳӣ то ҳол пирӯзии Карзай расман эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG