Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти ҳастаии Эрону гурӯҳи шашгона шурӯъ шуд



Имрӯз дар Женева музокираи кишварҳои шашгона бо Эрон бар сари барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ҷараён мегирад. Мулоқоти мақомоти Эрон дар шаҳри Женеваи Швейсария бо дипломатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ, яъне ИМА, Русия, Фаронса, Чин, Бритониё ба изофаи Олмон баргузор мешавад. Масъулияти гардонандагии ҷаласа ба дӯши раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана вогузор шудааст. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Маскав гуфт:

“Мулоқоти имрӯза дар Женева, ки намояндаҳои мо дар он фаъолона иштирок мекунанд, бояд бо тасмими оғози музокираҳои мушаххас анҷом ёбад, то ки ҳама суолҳои мавҷударо дар заминаи сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон аз миён бардорад”.

Сухангӯи Солана дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки гуфтугӯ дар муҳити дӯстонаву корӣ сурат мегирад, вале гурӯҳи шашгона интизори мушаххасоти бештар аз ҷониби Эрон аст. Қабл аз оғози ин нишаст Эрон гуфт, ки ният надорад бо гурӯҳи шашгона масъалаи барномаи ҳастаӣ ва фаъолиятҳои ғанисозии худро баррасӣ кунад. Эрон аз оғоз ба сулҳомез будани ин барномааш таъкид кардааст. ИМА ва муттафиқони дигари он, ки Ҷумҳурии Исломиро дар кӯшиши тавлиди силоҳи атомӣ муттаҳам мекунанд, таҳдид кардаанд, ки даври чаҳоруми таҳримҳоро дар нисбати ин кишвар ҷорӣ хоҳанд кард. Рӯзи чоршанбе Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ гуфт, бо ин ки Эрон танҳо ҳафтаи гузашта мавҷудияти коргоҳи дуюми атомиашро ошкор кард, аз лиҳози қонунӣ иштибоҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG