Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нишасти ахири UNESCO, дафтари СММ дар умури илм, фарҳанг ва маориф дар Абу-Даби, ҷашни Наврӯз вориди феҳрасти мероси фарҳангии маънавии ҷаҳон шуд.

Иди миллии мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ва миллату қавмҳои дигар дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна – Наврӯз ҳар сол дар рӯзи 21 март, ҳамчун рӯзи баробарии шабу рӯз ва фарорасии соли нави мардуми машриқзамин таҷлил мешавад.

Дар нишасти UNESCO аз ин ҷашн ба унвони як иди бисёр қадимаву мансуб ба миллату қавмиятҳои зиёд зикр мешавад, ки тӯли қарнҳо таҷлил мешавад. Ҷашни Наврӯз яке аз 76 рукни фарҳангие буд, ки вориди феҳрасти нави мероси маънавии СММ шуд.

Дар миёни онҳо инчунин фарҳанги ошиқони Озарбойҷон, ҳунари абрешимпарварии чиноиҳо, достони “Манас”-и қирғизҳо, мусиқии радифи Эрон, “Катта ашӯла” –и ӯзбакҳо ва дигарҳо шомили феҳрасти нави мероси фарҳангӣ шудаанд.

Соли 2008 бо талошҳои Тоҷикистон мусиқии классикии “Шашмақом” вориди ин рӯйхати UNESCO шудааст.
XS
SM
MD
LG