Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои ҲИУ дар курсии айбдорӣ


Додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаи як гурӯҳи 6–нафарии мансуб ба ҲИУ – ро ба марҳалаи анҷом расонидааст.

Додоҷон Гадойбоев, додраси мурофиаи ин парванда, ба Озодӣ гуфт, ки додгоҳ баъд аз шунидани музокираи ҷонибҳои айбдоркунанда ва айбдоршаванда аз рӯзи панҷшанбеи 1 – уми октябр барои омузиши ниҳоии парванда ва баровардани ҳукм машғул аст. Ба гуфтаи вай, дар курсии айбдоршавандаҳо Анвар Қаюмов, сокини ноҳияи Исфара, ки ба раҳбарии гурӯҳи ҲИУ дар ин маҳал ва роҳандозии чандин амалиёти террористӣ муттаҳам мешавад ва 5 шарики вай нишастаанд.

Бозбинии ин парванда дар додгоҳи вилояти Суғд якуним моҳ инҷониб идома дорад. Додрас Додоҷон Гадойбоев, раиси мурофиаи ин парванда, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни таҳқиқи парванда ду нафари нави мансуб ба ин гурӯҳ ошкор гашта, дар нисбати онҳо парвандаи алоҳида боз кардааст. Ҳар дуи онҳо сокини ноҳияи Исфара буда, аз қабл дар таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Тафтишоти додгоҳӣ раҳбари гурӯҳи 6–нафарии мансуб ба ҲИУ дар Исфара Анвар Қаюмовро ба қатлу куштори 8 нафар ва сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони 3 тани дигар дигар айбдор меҳисобад, ки ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара, дар аввал ва миёнаҳои соли 2007, сӯиқасд ба ҷони Низом Ҷӯраев, як соҳибкори маъруфи ин маҳал, дар ин қаторанд. Ҳамчунин, 5 шарики вай мутобиқи бандҳои асноди ҷиноии Тоҷикистон дар содири як идда ҷиноёти вазнини фаъолият дар созмони ғайриқонунии ҲИУ, таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирок дар он, дуздии силоҳи оташфишон, таҳия ва истифодаи асноди сохта аз рӯи Асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор ҳисобида шудаанд.

Дар рӯзи 31–уми сентябр айбдоркунандаи давлатӣ ба Анвар Қаюмов, ки алайҳи вай беш аз банди иттиҳомот пешниҳод шудааст, аз додгоҳ таъини ҳабси абад талаб намуд. Вале вакили дифоъи вай Рустам Каримов бо далелҳое, ки Анвар Қаюмов дар ҷараёни мурофтиаи додгоҳӣ ба айбҳояш иқрор гашта, худро хатокарда ҳисобидааст, бар замми ин ду фарзанди ноболиғ доштанаш таъини ҷазои сабуктарро талаб намуд. Зимнан, вакили дифоъи вай аз ҷониби давлати Тоҷикистон таъин шудааст.

Ёдовар мешавам, Анвар Қаюмов дар поёни моҳи декабри соли гузашта дар Афғонистон боздошт ва бо тақозои ҷониби Тоҷикистон ба ин кишвар истирдод шуда буд. Ба думболи ин 5 сокини дигари ноҳияи Исфара низ бо иттиҳоми мансубият ба гурӯҳи ҲИУ дар ин маҳал таҳти раҳбарии Анвар Қайюмов ва ҳамдастӣ дар содири ҷиноятҳои вазнин бо вай боздошт ва ба додгоҳ кашида шуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG