Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лампочка ё чароғи иличии хонаи ман шояд охирин рӯзҳои умри худро пушти сар мекунад. Нигоҳаш ҳам хиратар шудааст. Мисли пирмардест, ки умраш ба поён расида, вале мурдан намехоҳад.

Бечора ҳамин лампочка ҳам дар диёри ман нағунҷид. Ё шояд ба касе маъқул нашуд, ё шояд хостанд навоварӣ кунанд. Акнун хоҳеду нахоҳед, маҷбур месозанд, ки бояд аз лампочкаҳои, ба гуфтаи онҳо, каммасраф истифода намоем. Лампочкаҳои қиммат, вале бедошт. Дилам ҳам намекашад. Нураш хира, чашми одамро ба дард меорад. Боз намедонӣ кадом навъе аз онҳоро харидорӣ кунӣ: истеҳсоли Чин ё Русияро.

Ба болои ин ҳама, имрӯз телефони ман беш аз ҳар вақти дигар занг мезанад. Аз деҳа модарам занг зад. Саросема аст. Ҳатто барои аҳволпурсӣ фурсат надорад. “Бачам, лампочкаи хонаатро иваз кардӣ?”,- ин нахустин пурсиши ӯ буд, ки ба гӯшам расид. Ҳайрон мешавам, чаро ӯ аз зиндагӣ ва кори ман напурсиду лампочка ба ёдаш расид. “Агар иваз накарда бошӣ, зуд иваз кун, ки ҷарима мекунанд”,- давоми сӯҳбати ӯ маро ба худ овард. Беҳуда реклама намекардаанд-да. “Агар хоҳед, ки нерӯи барқро сарфа кунед ва агар хоҳед, ки аз кам супоридани пули барқ барои фарзандонатон дар бонкҳо ҳисоб кушоед…” Тоза мефаҳмам асли воқеаро. Пас, ин ҳама талош барои лампочкаҳои каммасраф?

Модарам маро ҳушёр кард. Вай гуфт, дар деҳаи мо масъулони ҷамоат хона ба хона гашта, чароғро тафтиш мекардаанд. Касе, ки чароғи каммасраф надорад, бояд ҷарима супорад. Кам не, ғам не то 300 сомонӣ. Аз ҷаримаҳои танзим ҳам гузаронидаанд-ку аз дил мегузаронам.

Якбора дилам ба ҳоли падарам месӯзад. Охир, акнун ба рӯйихати гӯшту пиёзу картошка лампаи каммасраф ҳам ворид шудааст. Намедонад, ду танга пули муаллимияшро барои шикамаш сарф кунад ё лампочка харад. Қаҳри модарам ҳам омадааст ва мегӯяд, кош, зудтар зимистон ояд, то ӯву ҳамсоягонаш ба чароғаки бобоӣ гузаранду аз ташвиши тафтишгарони лампочкаи каммасраф халос шаванд.
Лампочка, лампочка, лампочка… Ҳазор доруи “Болнол” ҳам ба он даво намешавад.

Лампочка, лампочка, лампочка… Касе ба доди ту намерасад ва ба шикоятҳоят низ посух намегӯяд.

Лампочка, лампочка, лампочка… Ин дарди бедавоест, ки дармон надорад.

Ту агар лампочкаи каммасраф мехарӣ, пас, ватанатро бениҳоят дӯст медорӣ.

Ту агар дар хонаат лампочкаи каммасраф дорӣ, пас, ба ватанат хиёнат накардаӣ.

Ту агар лампочкаи каммасраф дорӣ, ба ҳаҷ меравӣ. Агар надорӣ ба ҳаҷ ҳам рафта наметавона. Номатро дар феҳристи ба ҳаҷравандаҳо дохил намекунанд, тамом.

Ҳатто номнависи такрории масҷидҳоро бо лампочка анҷом медиҳанд. Як дӯстам аз деҳаи дурдасти ноҳияи Ашт телефон кард. Мегуфт, ки ариза ва ҳама аснод барои сабтиноми такрории масҷиди маҳаллаашонро ба ҳукумати ноҳия бурдааст. Вале онҳо гуфтаанд, аввал сад донаӣ лампочкаи каммасраф харида диҳанд, баъд масҷиди онҳоро дубора ба қайд мегиранд.

Лампочка акнун дар фарҳанги нав – пора.
Лампочка ба идораҳои давлатӣ – шаҳодатнома.

Сӯҳбат аз лампочкаи каммасраф оғоз ва бо лампочкаи каммасраф ба поён мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG