Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз музокироти ҳастаӣ бо Эрон шурӯъ мешавад


Имрӯз дар Женева Эрон бо намояндагони шаш кишвари муҳими ҷаҳон мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот аз Эрон хоҳанд хост, ки барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии худро муттавақиф созад. Дар ин мулоқот аз ҷониби Эрон Саид Ҷалилӣ-раиси Ожонси ҳастаии миллии Эрон ва раҳбари ҳайати музокири Эрон ва 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, яъне Амрикову Русия, Чину Фаронса ва Битания бар иловаи Олмон ширкат мекунанд. Дар остонаи ин мулоқот Эрон изҳор дошт, ки омода нест бо ин шаш кишвар барномаҳои ҳастаии худро, аз ҷумла барномаи ғанисозии уранро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG