Пайвандҳои дастрасӣ

Фишор ба матбуоти озод дар Қазоқистон


Рӯзноманигорони мустақили Қазоқистон мегӯянд, хадамоти махфии ин кишвар ба онҳо фишор меоранд. Екатерина Беляева-сардабири нашрияи "Взгляд" бо як рӯзноманигори дигар дар як нишасти хабарӣ дар Алмаато дирӯз гуфтанд, афроди ношинос ба онҳо наздик шудаанд ва пешниҳод кардаанд, ки дар ивази подоши хуб бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Онҳо ба рӯзноманигорон ҳушдор додаанд, ки дар сурати саркашӣ аз чунин ҳамкорӣ мумкин аст муҷозоти ҷисмонӣ бинанд.
XS
SM
MD
LG