Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Эрон аз Вошингтон боздид кард


Дирӯз вазири умури хориҷаи Эрон дар Вошингтон дар сафоратхонаи Покистон дар Амрико пайдо шуд, ки он кори камназир аст. Ҳузури вай дар ин сафорат дар ҳоле мушоҳида шуд, ки Вошингтон ба вай раводид дод, то аз он ҷо боздид кунад. Сафоратхонаи Покистон дар Вошингтон аз ҷониби Эрон дар Амрико намояндагӣ мекунад. Кроулӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Манучеҳри Муттакӣ-вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Амрико дар ҷараёни боздидаш мулоқот нахоҳад кард. Эрону Амрико аз соли 1980 ба ин сӯ бо якдигар муносиботи расмии дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG