Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли гази Ӯзбекистон қисман оғоз шуд


Ширкати "Тоҷиктрансгаз"-и Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбекистон интиқоли газ ба Тоҷикитстонро қисман оғоз кардааст. 3 рӯз пеш Ӯзбекистон барои 18-миллион доллар қарз интиқоли газ ба Тоҷикистонро комилан қатъ карда буд. Ҳоло интиқоли газ як севвуми меъёри қарордодиро ташкил медиҳад, ба ин далел ҳайати Тоҷикистон то ҳол дар Тошканд қарор дорад ва бо ҷониби Ӯзбекистон масъалаи пардохти қарзи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ширкати "Тоҷиктрансгаз" қаблан муштариёни худ, ба вижа ширкатҳои бузургро барои пардохт накардани қарзҳои худ муттаҳам карда буд.
XS
SM
MD
LG