Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини фиристодаи СММ аз мақомаш барканор шуд


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ муовини фиристодаи вижаи ин созмон барои Афғонистонро аз мақомаш барканор кард, зеро вай бо раҳбари худ дар бораи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон вориди баҳс шудааст. Майкл Монтас-сухангӯи СММ гуфт, Дабири Кулл Питер Голбрайт-дипломати амрикоиро аз мақомаш сабукдуш кардааст. Голбрайт масъалаҳои интихоботиро қабл аз рӯзи интихобот ва баъд аз он дар Афғонистон дунбол мекард. Вай баъд аз баҳсе бо раҳбари худ Кей Эйде-фиристодаи СММ барои Афғонистон аз нимаи моҳи сентябр то ҳол дар Амрико қарор дошт. Баҳси онҳо дар бораи роҳҳои ҳали тақаллуб дар интихоботи Афғонистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG