Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молии Амрико ба Покистон 3 баробар афзоиш ёфт


Конгресси Амрико пешнависи қонунеро дар бораи афзоиши се баробари кӯмакҳо ба Покистон ба тасвиб расонд, то дар он ҷо аз тундгароӣ ва рӯҳияи зидди амрикоӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Тибқи ин санад барои 5 соли оянда ҳар сол Амрико ба Покистон 1,5 миллиард доллар кӯмак хоҳад кард. Интизор меравад, ки ин кӯмаки молӣ дар таҳкими низоми қонунгузор ва низоми адлияи Покистон замина фароҳам орад. Ин аблағҳо ҳамчунин дар бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошт ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба масраф хоҳад расид. Аз ин маблағҳо метавонанд дар баъзе шароит ба артиш кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG