Пайвандҳои дастрасӣ

Обама Афғонистонро бо мушовиронаш машаварат кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико назари мушовирони аршади худро дар бораи беҳбуди дурнамои ҷанг дар Афғонистон шунид, то аз баррасии стратегияе, ки метавонад сабаби афзоиши нируи бештари Амрико дар Афғонистон шавад, даст бардоранд.
Дар Кохи Сафед, ба хусус, миёни низомиён ва раҳбарони ғайринизомӣ дар ин бора мунозира сурат гирифт, ки шумораи нируҳо афзоиш дода шавад ё роҳҳои дигари ҳали мушобеҳро пайдо кунанд. Шумораи талафоти ҷонии нируҳои Амрико дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва аҳолӣ аз ҷанг хаста шудааст. Дар баррасии Кохи Сафед Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур, Роберт Гейтс-вазири диҳоъ ва Ҳилларӣ Клинтон- вазири умури хориҷа ширкат доштанд. Стенлӣ мак Кристал-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонситон ва Дэвид Петреус-сарпарасти мустақими вай низ аз роҳи конфронси видеоӣ дар ин мунозира ширкат ҷустанд.
XS
SM
MD
LG