Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди нави Эрон дар бораи харидории уран


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш ба нақша гирифтааст, то пешниҳод кунад, ки урани ғанишударо аз ҷониби севвум харидорӣ мекунад, то ниёзмандиҳои худро барои реактори Теҳрон бароварда созад, нисбат ба он ки ғанисозии онро худаш анҷом диҳад. Бори нахуст ин падида мушоҳида мешавад, ки Эрон розӣ аст амалиёти ғанисозии урани худро бо кишварҳои абарқудрат баррасӣ кунад. Аҳмадинежод рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон гуфт, Эрон ба урани ғанишудаи 19,75 дарсад ниёз дорад. Вале ҳафтаи гузашта дар Нию Йорк раҳбари Эрон таъкид кард, ки агар кишвараш натвонад уран харидорӣ кунад, дар он сурат водор хоҳад буд ғанисозиро худаш анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG