Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду хабарнигори Радиои Фардо дар Прага


Субҳи сешанбе дар наздикиҳои шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех Роза Ожирӣ ва Амир Замонфар - ду хабарнигори Радиои Фардо:бахши форсии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ, бар асари садамаи мошин ба ҳалокат расиданд.

Хабарнигори дигари радиои Фардо хонум Маҳини Гурҷӣ бо ҷароҳатҳои вазнин ба шифохона интиқол ёфт.

Хонум Розаи Ожирӣ ва Амири Замонифар ҳаёти кӯтоҳ, вале ба қадри кофӣ комил доштанд. Ҳар ду субҳи 29-уми сентябр бар асари садамаи мошин дар наздикиҳои шаҳри Прага ба ҳалокат расиданд. Роза 27-сола буд ва Амир акнун ба 29 қадам мемонд.

Бар пояи тафтиши пешакӣ, маълум шудааст, ки як мошин боркаш бо тамоми суръат ба мошини дар канори шоҳроҳи шимоли Прага таваққуф кардаи онҳо бархӯрдааст. Ронандаи мошин - хабаранигори дигари Радиои Фардо хонум Маҳини Гурҷӣ бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҳоли беҳушӣ ба шифохона интиқол ёфтааст.

Ҳар касе, ки Розаву Амрирро мешинохт, дар бораи табассуми самимии онҳо ҳарф мезананд. Хонум Ҳано Ковиёнӣ, яке аз дӯстони наздики Роза мегӯяд, дугонааш зиёд меомӯхт, то рӯзе хабарнигори маъруфи байнулмилалӣ шавад.

Роза аз таъқиби баъди интихоботи президентии моҳи июн дар Эрон бисёр мутаассир шуда буд. Маҳз ӯ тавонист, ки бо дӯсти наздики Амир Ҷаводифар ҳамсӯҳбат шавад. Ҷаводифар дар маҳбас ба қатл расида буд.

Роза мегуфт, вақте навори марги Нидо Оқо Султонро тамошо кард, ҳеҷ наметавонист, ки гиряашро мутаваққиф намояд. Навори марги ин хонуми 27-солаи эронӣ, ки аснои таъқиби гирдиҳамоиҳои эътирозии марбут бо интихоботи президентии Эрон дар шабакаи Ютуб ҷой дода шудааст.

Амир ҳам бо садои нарми худ ва гузоришҳои мутавозинаш дар байни шунавандагони Радиои Фардо ҳаводори зиёд пайдо карда буд. Вай шеъру адаб, аксбардорӣ ва тановули ғизои эрониро дӯст медошт. Мисли Роза Амир ҳам аз рӯйдодҳои ахири Эрон озурда буд.

Амири Замонифар борҳо бо хешу ақрабои рӯзноманигорони боздоштшудаи эронӣ сӯҳбатҳо ороста, ҳатто вақте Дилорои Доробӣ як навраси эрониро ба эъдом маҳкум намуданд, аксашро дар шабакаи Фейсбук бо акси Доробӣ табдил кард.

Сарфи назар аз ҳаводиси дардноки Эрон Розаву Амир ба касби худ содиқ монда, бовар доштанд, ки аз роҳи тақдими иттилои дақиқу одилона дар кишвар таҳаввуле ба вуҷуд меоранд. Онҳо кори худ ва аслан зиндагиро дӯст медоштанд. Марг онҳоро замоне дарёб кард, ки онҳо аз сафари чилукабоб дар шаҳри Берлин ба хона бармегаштанд.

Мо Розаву Амирро аз даст додем, вале ёди онҳо, садои онҳо онҳо, дар дили мо дӯстон, ҳамкорон ва шунавандагони Радиои Фардо то абад боқӣ хоҳад монд. Садҳо шунаванда тариқи Радиои Фардо ба хешу наздикони Розаву Амир тасаллият баён намуда, барои шифоёбии Маҳини Гурҷӣ дасти дуо боло кардаанд.

Маҳин, ки ронандагии мошинро бар ӯҳда дошт, ҳоло ба ҳуш наомадааст. Ӯ қабл аз кор дар Радиои Фардо ҳамчун хабарнигори варзишӣ дар саросари эрон ном бароварда буд. Дар радиои Фардо Маҳин ба таҳияи гузоришҳои сиёсӣ рӯ овард. Чандин расонаи муътабари байналмилалӣ аз гузоришу мусоҳибаҳои Маҳин иқтибос овардаанд. Шунавандагон ба Радиои Фардо тамос гирифта, дуо мекунанд, ки Маҳин шифо ёбад.

Як шунавандаи дигари радиои Фардо навиштааст, умед доштам, ки ин хабар дурӯғ барояд, вале ҳайфо, ки аз тақдир роҳи гурез нест.
XS
SM
MD
LG