Пайвандҳои дастрасӣ

Марги муфоҷо дар хонаводаи мо


Амири Замонифар ва Роза Ҳасанзода Оҷирӣ

Амири Замонифар ва Роза Ҳасанзода Оҷирӣ

Ду корманди радиои "Фардо", бахши форсии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, дар як садама дар наздикии шаҳри Праг ба ҳалокат расида, як ҳамкори дигари онҳо шадидан захмӣ шудааст.

Бар асари бархӯрди мошини боркаш ба сабукрави хурди журналистон, Амири Замонифар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Роза Ҳасанзода Ожирӣ дар бемористон даргузашт ва вазъи Маҳин Гурҷифаридонӣ, ҳамкори дигари мо, сангин аст.

Як ҷавони дигари эронӣ ҳамроҳи онҳо буд, ки низ захмӣ шуда, дар бемористон аст. Ба гуфтаи полиси Ҷумҳурии Чех, садама соати панҷи субҳи 29-уми сентябр дар 18-километрии Прага ба вуқӯъ пайвастааст.

Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Ҷеффрӣ Гедмин дар изҳороте гуфт, аз ин хабари мудҳиш амиқан андӯҳгин шудааст ва ба ҳамаи ҳамкорон, хешу пайвандони Амир ва Роза ҳамдардӣ баён мекунад.

Субҳи имрӯз даҳҳо нафар аз кормандони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, ба коргоҳи Роза ва Амир рафтанд. Рӯи мизи онҳо гулдастаҳо ва шамъҳои фурӯзон гузошта шудааст. Амир ва Роза шитоб доштанд, ки зудтар ба коргоҳ бирасанд ва бо садҳо ҳазор шунавандаи худ дар тамос шаванд.

Телефонҳои ҳарду чароғак мезад. Шунавандаҳо барояшон паём гузоштаанд. Паёмҳое, ки онҳо дигар ҳаргиз нахоҳанд шунид.
XS
SM
MD
LG