Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибеки Мурод рӯзҳои 3-юм ва 4-уми октябр муаррифии албоми «Ай дил - ай дил»-ро баргузор хоҳад кард.

Чиптаҳои вуруд ба консерти Ҷонибек аз 40 то 90 сомониро ташкил медиҳанд.

Ҷонибек дар сӯҳбати телефонӣ ба «Ояндасоз-мюзик» гуфт, муаррифии албоми наваш бо ташаббуси ширкатҳои Эгос ва Ҷи Эм баргузор мегардад. Албоми «Ай дил - ай дил» аз даҳ оҳанг иборат буда, он дар шаҳри Тошканти Узбакистон сабт шудаст. Бо Ҷонибек оид ба вижагиҳои албоми наваш ва ҳамкориҳои ӯ бо Шабнами Сураё ин мусоҳибаро анҷом додем, мутаваҷеҳ бошед:

Ҷонибек: «Ҳамин албоми худро хостем барои мухлисон муаррифӣ кунем. Ба ин шакл муаррифии албом дар шаҳри Душанбе барои аввалин бор сурат мегирад».

Озодӣ: «Таронаҳои ин албом аз сурудҳое, ки доштед, фарқ мекунад?»

Ҷонибек: «Дар ин албом таронаҳои русӣ, мардумӣ, ҳиндӣ бо усули аврупоӣ сароида шудаанд. Ҳамчунин, сифати таронаҳо хеле хуб аст, чун дар студияҳои беҳтарин садоямро сабт кардам.»

Озодӣ: «Он суоле, ки дар зеҳни аксари мухлисонатон чарх мезанад, ин аст, ки чаро бо Шабнам дар сафарҳои ҳунарӣ нестед?»

Ҷонибек: «Барои ки қарордодҳои мо, ки дусола буд, баъд аз анҷомашон, тағйир ёфт. Ҳоло қарордоди нав ба тасвиб нарасонидем. Мо ҳоло дар алоҳидагӣ кор мекунем ва фикр мекунам, ин беҳтар ҳам ҳаст, ки каме худро дар танҳоӣ бисанҷем. Агар зарур ояд, мо якҷо ҳамкорӣ албата мекунем.»
XS
SM
MD
LG