Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Авҷи кандакорӣ миёни мардуми ин кишвар ба замони шӯравӣ марбут аст.

Зеро он замон асарҳои кандакорӣ дар дохили ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ харидори зиёд дошт ва шароити кори ҳунармандони кандакор хеле хуб буд. Бо аз ҳам пошидани давлати шӯравӣ кандакорӣ низ мисли дигар бахшҳои ҷомеа мувоҷеҳи бӯҳрон шуд. Аксари ҳунармандон тарки кившар карданд ва онҳое, ки дигар ҷои рафтан надоштанд, тарки ин касб намуданд.

Ва имрӯз шумораи ҳунармандони кандакор дар Тоҷикистонро бо ангушт мешавад шуморид. Зеро як асари хуби кандакориро тақрибан як сол эҷод мекунанд, вале қиммати он ҳам мувофиқ ба заҳмати яксола пардохт намешавад. Харидорони аслӣ хориҷиёнанд ва аксари асарҳои кандакорӣ ба хориҷи Тоҷикистон меравад.

Радиои Озодӣ аз рӯзгори як кандакори тоҷик навор бардошт, ки бо заҳматҳои сангин вориди ин ҳунар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG