Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Наврӯз мероси ҷаҳонӣ эълон шуд


Бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид иди Наврӯзро бахше аз мероси фарҳангии ҷаҳон эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст. Қарори Юнеско дар ҳоле эълон мешавад, ки 400 коршинос дар Абудабӣ феҳрасти ҳунар ва ойинҳои фарҳангиеро омода мекунанд, ки бояд ҳифз шаванд. Мусиқии "радиф"-и Эрон, намоиши "Ошиқ"-ми Озарбойҷон ва тангои аргентинӣ низ баррасӣ ва тасвиб шуданд.
XS
SM
MD
LG