Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Тоҷикистон пешнависи қонуни буҷаи ин кишвар барои соли 2010–ро тасвиб ва барои баррасӣ ба порлумони кишвар ироа кардааст.

Лоиҳаи қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2010 дар ҷаласаи ҳукумати кишвар аз сӯи Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, пешниҳод гардид. Бар асосии ин лоиҳа ҳаҷми умумии маблағҳо дар буҷаи соли оянда 6 миллиарду 537 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 1, 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо буҷаи соли ҷорӣ тақрибан 500 миллион сомонӣ бештар аст.

Ҳаҷми маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба миқдори ҳудуди 25 миллиард сомонӣ, сатҳи рушди иқтисод на камтар аз 5 дарсад ва ҳаҷми таварруми пули миллӣ бештар аз 7 дарсад пешбинӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон соли дуввум аст, зимни таҳия ва баррасии буҷа онро "буҷаи рушди иқтисодӣ" ном мебаранд. Дар лоиҳаи қонуни буҷаи соли 2010 ба маблағгузориҳои тарҳҳои стратегии соҳаи энержӣ ва нақлиёт афзалият дода мешавад ...
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нисбат ба соли ҷорӣ ба андозаи 27 дарсад ё ба маблағи 659 миллион сомонӣ афзун мегардад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ барои бахши иҷтимоӣ тахсиси 35 дарсади маблағҳои буҷа пешбинӣ шуда буд. Аммо қонуни буҷаи соли гузашта бештар ҷанбаи иҷтимоӣ дошт ва ҳудуди 50 дарсади маблағҳо ба ин бахш равона гардида буд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти давлати Тоҷикистон соли дуввум аст, ки зимни таҳия ва баррасии буҷа онро «буҷаи рушди иқтисодӣ» ном мебаранд. Ин аст, ки дар лоиҳаи қонуни буҷаи соли 2010 ба маблағгузории лоиҳаҳои стратегии соҳаи энержӣ ва нақлиёт афзалият дода мешавад.

Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва буҷаи порлумони Тоҷикистон, дар бораи иллати ин амр гуфт, «маҳз ҳамин соҳаҳо метавонад дар оянда буҷаи моро ғанӣ гардонад. Дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои Роғӯн, Сангтӯда -1 ва Сангтӯда -2 содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда ва тибқи арзёбиҳо аз фурӯши нерӯи барқ ба буҷа ҳар соле бештар аз 800 миллион доллар ворид шавад».

Аммо Давлати Усмон, собиқ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки талошҳои давлат дар заминаи афзоиши маблағгузории барномаҳои энержиро ба мухолифати Узбакистон, марбут медонад. Вай мегӯяд, «ягон кишваре барои манфиатҳои ночиз аз кишвари бузурги минтақа мисли Узбакистон сарфи назар нахоҳад кард. Эрон ҳам, ки дар тарҳи на он қадар бузурги энержӣ сармоягузорӣ кардааст, ҳатман, ман фикр мекунам, дар сурати як чунин вазъият аз ширкат дар тарҳҳои бузург дар Тоҷикистон худдорӣ хоҳад кард».

Ин аст, ки аз моҳи апрели соли гузашта давлати Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи обии Роғунро бо истифода аз маблағҳои дохилӣ рӯи даст гирифтааст. Ҳарчанд, мавзӯи таъсиси консорсиюми байнулмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои эҳдоси ин нерӯгоҳ ҳамчунон матраҳ аст, аммо то ҳол ҳеҷ кишваре ё ширкати хориҷие расман сармоягузорӣ ба сохмтони неругоҳи Роғунро эълом накардааст.

Давлати Тоҷикистон дар соли гузашта аз буҷаи кишвар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун 100 миллион сомонӣ ҷудо карда буд ва ин рақам дар соли ҷорӣ ба 150 миллион сомонӣ расонда шуд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сармоягузорӣ дар иҷрои ин тарҳ аз буҷаи давлат ҳамасола афзоиш ёфта ва дар назар аст, ки дар соли оянда ҳаҷми маблағи ихтисосӣ ба умури сохтмонии нерӯгоҳи Роғун ба 150 миллион доллари амрикоӣ баробар шавад.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, буҷаи Тоҷикистон чунин зарфиятеро надорад. Ин дар ҳолест, ки масъулони порлумони Тоҷикистон мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар соли ҷорӣ беш аз 500 миллион сомонӣ, ки зиёда аз 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, сарфа шудааст. Дар ҳар сурат барои бунёди комили нерӯгоҳи Роғун маблағи беш аз чаҳор миллиард доллар зарур аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG