Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширинкори сирк ба кайҳон парвоз кард


Ширинкори сирк, миллиардери канадаӣ, Гай Лолиберте ба ҳайси ҳафтумин сайёҳи кайҳонӣ аз Байконури Қазоқистон ҳамроҳи ду кайҳоннаварди дигар аз Амрико ва Русия ба Истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ парвоз кард. Ҳангоми вуруд ба сафинаи кайҳонии "Союз" Гай биннии сурхи масхарабози сиркро ба худ овехт ва эълом дошт, ки 12 рӯзи ояндаро дар кайҳон ба сар хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG