Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳбари Тоҷикистон пойгоҳи Русияро муҳим хондааст


Сардори Палатаи бозрасии Русия Сергей Степашин ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфт, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кардааст, ки пойгоҳи 201-и Русия дар кишвараш кафили эътидол ва амният дар минтақа мебошад ва Тоҷикистон ҳузури онро зери суол намегузорад. Ба гуфтаи Степашин, раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин ваъда додааст, ки дар қаламрави кишвараш ягон пойгоҳи дигар, аз ҷумла аз Иёлоти Муттаҳида бунёд нахоҳад шуд. Степашин, ки дар садри як ҳайати расмӣ барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ба Душанбе сафар кардааст, инчунин заминаҳои мулоқоти ояндаи президентҳои Тоҷикистон ва Русияро дар Маскав омода мекунад. Вай изҳори бовар кард, ки дар ин сафари давлатии Раҳмон ҳамаи масъалаҳои байни ду кишвар ҳалли худро хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG