Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ояндаи Афғонистон дар Кохи Сафед


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз бо мушовирони аршади худ стратегияи Амрико дар Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард. Вай аз ҷумла масъалаи фиристодани нерӯҳои нав ба Афғонистонро дар миён хоҳад гузошт. ИНтизор меравад, ки дар ин нишаст дар Кохи Сафед ноиби президент Ҷозеф Байден, вазири умури хориҷӣ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифоъ Роберт Гейтс ва сардори Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ Майк Муллен ширкат кунанд. Ҳамчунин фармондеҳи аршади нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон Стенлӣ Маккристал, ки гуфтааст, бе изофаи қувва ҷанг дар Афғонистон бо шикаст рӯбарӯ хоҳад шуд, низ ба ин ҷаласа даъват шудааст.
XS
SM
MD
LG