Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати кормандони радиои мо дар садама


Ду корманди радиои "Фардо", бахши форсии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, дар як садама дар наздикии шаҳри Праг ба ҳалокат расида, як ҳамкори дигари онҳо шадидан захмӣ шудааст. Бар асари бархӯрди мошини боркаш ба сабукрави хурди журналистон, Амири Замонифар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Роза Ҳасанзода Оҷирӣ дар бемористон даргузашт ва вазъи Маҳин Гурҷифаридонӣ сангин аст. Як ҷавони дигари эронӣ ҳамроҳи онҳо буд, ки низ захмӣ шуда, дар бемористон аст. Ба гуфтаи полиси Ҷумҳурии Чех, садама соати панҷи субҳи 29-уми сентябр дар 18-километрии Прага ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG