Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёда аз 80 нафар дар сунамии Самоа кушта шуданд


Шумораи қурбониёни сунамӣ дар ҷазираҳои Самоа ба 80 нафар расидааст. Даҳҳо нафар маҷрӯҳ ва теъдоде бенишон шудаанд. Мавҷи азими оби уқёнуси Ором, ки дар натиҷаи зилзилае бо шиддати 8 дараҷаи ҷадвали Рихтер ба соҳил бархӯрд даҳҳо деҳаро аз байн бурдд. Дар Самоаи Амрико шумораи кушташудагон ба 20 нафар расидааст. 63 нафари дигар дар ҷазираҳои кишварҳои ҳамсоя қурбони сунамӣ шудаанд. Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама вазъи Самоаи Амрикоро "офати бузург" номид, ки имкон медиҳад, саромояҳое аз бунёди федерол ба рафъи пайомадҳои он равона гардад.
XS
SM
MD
LG