Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар давраи дуввуми мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон, ки 29-уми сентябр шурӯъ шуд, мубориза барои дарёфти ду роҳхат ба лигаи олӣ байни пешсафон шиддат хоҳад гирифт.

Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар меҳмонӣ бар тими «Панҷшер»-и Румӣ бо ҳисоби бузурги 6:1 пирӯз шуд.

Тими «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар «Локомотив»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Вале дастаи «Ҷавонон»-и Турсунзода аз тими меҳмон – «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дастаи «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб шуда, соҳиби се имтиёз гардид. Зеро рақибаш – дастаи «Барқ»-и Норак - ба бозӣ ҳозир нашуд.

Бозии дастаи мизбон – «Ҳулбук»-и Восеъ бо РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ) 5 дақиқа пеш аз анҷоми замони асосӣ қатъ шуд. Султон Қосимов, нозири доварони ин бозӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Меҳмонон ба нишони эътироз ба тасмими сардовари бозӣ Умед Раҳимов, ки голи аз ҳолати нобозӣ задаи онҳоро ҳисоб накард, худсарона майдонро тарк намуданд. Дар ин вақт ҳисоб 3:2 ба фоидаи «Ҳулбук» буд. Аз ин рӯ ин ҳодиса дар комиссиюни варзишию техникӣ 1-уми октябр мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт».

Ҳоло «Саройкамар», ки аз 10 бозӣ 24 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Хайр» бо 23 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Ҷавонон» бо 17 имтиёз дар ҷои севум мебошанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Саройкамар»

10

8

0

2

28-15

24

2.

«Хайр»

10

7

2

1

31-15

23

3.

«Ҷавонон»

10

5

2

3

27-16

17

4.

«Панҷшер»

10

5

0

5

27-19

15

5.

«Зарафшон»

10

4

2

4

17-18

14

6.

«Ҳулбук»

9

4

0

5

20-24

12

7.

«Рангонгаз»

10

3

2

5

13-22

11

8.

«Локомотив»

10

3

0

7

8-24

9

9.

РШВСМ

9

2

2

5

10-17

8

10.

«Барқ»

10

2

2

6

12-23

8


Беҳтарин голзанҳо: Саймурод Юнусов («Панҷшер») – 12 гол, Фозил Ҳабибов («Зарафшон») – 9 гол, Темур Ризоев («Ҷавонон») -8 гол.

Бозиҳои даври 12-ум 7-уми октябр баргузор хоҳанд шуд.


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG