Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: Дар Афғонистон то охир боқӣ хоҳем монд


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, ҳини дидор бо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, ҳини дидор бо Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Дабири кулли НАТО ҳини мулоқот бо раисиҷумҳури Амрико гуфт, нерӯҳои низомии паймон то “анҷоми тамоми корҳо” дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО ба вижа гуфт, “ин паймон муттаҳид боқӣ мемонад ва то замоне, ки мо маъмуриятамонро дар Афғонистон ба итмом нарасонем, мо аз он кишвар нахоҳем рафт”.

Ин дар ҳолест, ки дар Аврупову Амрико норозигии мардум бо ҷанг дар Афғонистон рӯз аз рӯз афзоиш меёбад, бо вуҷуди он ки мушовирони Обама ин ҷангро дар тафовут аз ҷанги Ироқ “ҷанги хуб” унвон додаанд.

Дабири кулли НАТО таъкид кард, ки мубориза бо террористҳо дар Афғонистон вазифаи танҳо ИМА нест ва ин ҷанги муштараки тамоми аъзои эътилоф аст. Вай гуфт, ки ҷанг дар Афғонистон фақат масъулияти Амрико намебошад ва амрикоиҳо набояд ин борро дар танҳоӣ бардоранд. Баъд аз вохӯрӣ дар Кохи сафед Расмуссен эълом дошт, ки амалиёт дар он кишвар аз авлавиятҳои муштарак боқӣ хоҳад монд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мавқеи ҳамсонро баён намуда, таъкид кард, “ин танҳо набарди Амрико нест. Ин ҳамчунин масъулияти НАТО мебошад. Мо фаъолона кор мекунем ва кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳангоми анҷоми ҳар амалиёт бо НАТО машварат кунем”.

Обама, ки имрӯз бо мушовирони аршадаш вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард гуфт, то ба поён расидани бознигарии пурраи стратегияи ҳукуматаш дар қиболи он кишвар дар бораи фиристодани сарбозонӣ иловагӣ тасмиме нахоҳад гирифт.

Расмуссен Обамаро дастгирӣ намуда гуфт, ки ки қаблан бояд стратегия мушаххас шавад ва баъд ихтисоси манобеи иловагӣ. Вай афзуд, ки давлатҳои аврупоӣ бештар майл ба тамрини нерӯҳои афғонӣ доранд, на ба ирсоли нерӯҳои ҷангӣ. Бо вуҷуди ин Расмуссен иттилоъ дод, ки дар тӯли 18 моҳи гузашта ин кишварҳо ба Афғонистон нӯҳ ҳазор сарбози иловагӣ фиристодаанд.

Ин дар ҳолест, ки фармондеҳи аршади нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ Маккристал ҳушдор дода буд, ки бидуни фиристодани нерӯҳои бештар ва тағйири стратегия эҳтимол дорад, ки амалиёт дар Афғонистон ноком шавад.

Дар айни замон дар Афғонистон 62 ҳазор сарбози амрикоӣ мустақаранд, аммо генерал Маккристал гуфтааст, ки барои анҷоми маъмурият вай ба 30 ё 40 ҳазор нерӯи изофагӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG