Пайвандҳои дастрасӣ

Обама хостори беҳбуди ҳамкории Амрикову НАТО ва Русия


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд вай аз беҳбуди равобит миёни Русияву Амрико ва НАТО, ба шумули ҳамкориҳо дар бахши дифоъи мушакӣ ҷонибдорӣ мекунад. Вай ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ баъд аз мулдоқоташ бо Андерс Фог Расмусссен-Дабири Кулли паймони НАТО дар Вошингтон изҳор дошт:

"Мо ҳамчунин ба тавофуқ расидем, ки бо Русия дар тамос бошем ва аз роҳҳое истифода кунем, ки масъалаи дифоъи мушакии мавриди назари мо дар ин ҷабҳа заминаи ҳамкории мо бо Русияро фароҳам орад".

Ин суханони Обама баъд аз он садо дод, ки Дмитрий Рогозин-намояндаи Русия дар НАТО гуфт, Маскав мехоҳад замонат бигирад, ки ҳар гуна системи нави дифоъи зидди мушакии Амрико ба Русия таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG