Пайвандҳои дастрасӣ

14 кас дар Самоа аз сунамӣ кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи як зилзила дар ҷануби уқёнуси Ором сунамӣ ба вуҷуд омадааст ва мавҷҳои баланди об ба ҷазираҳои Самоа расидаанд. Дастикам 14 кас дар ин ҳодиса ҷон додаанд. Заминларза ба шиддати 8 дараҷаи ҷадвали Рихтер рӯзи сешанбе Самоаи Амрико ва ҳамсояи онро низ ларзондааст. Гузоришҳо ҳокист, ки дар баъзе деҳот хонаҳо зери об мондаанд ё хонаҳову мошинҳоро мавҷи об бо худ бурдааст. Коршиносон мегӯянд, зилзила дар 30 километрии умқи уқёнуси Ором рух додааст.
XS
SM
MD
LG