Пайвандҳои дастрасӣ

30 мусофири автобус дар Қандаҳор кушта шуд


Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, дар вилояти Қандаҳор дар натиҷаи бархӯрд бо бами роҳ автобусе мунфаҷир ва 30 нафар мусофирон ба ҳалокат расидаанд. Вазорат мегӯяд 10 нафари кушташудагон кӯдакон ва 7 нафар занон будаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, 39 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти расмӣ Толибонро барои гузоштани бам дар роҳ муттаҳам медонанд. Қандаҳор яке аз маҳаллоти нуфузи Толибон дар Афғонистон ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG