Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари раиси ҷумҳур муовини вазири умури хориҷа шуд


Дирӯз Озода Раҳмонова-духтари севвуми Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъйин шуд. Озода аз баҳори соли 2007 то ҳол раиси идораи консулгарии вазорати умури хориҷа буд. Дирӯз дар ҷаласаи ҳукумат ҳамчунин Юсуф Султонбеков-муовини вазири кишоварзӣ, Акбар Файзов-раиси корхонаи "Востоктедмет" ва Усмоналӣ Усмонов-раиси маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таъйин шуданд. Лутфулло Давлатов-ҳунарманди шинохтаи синамо ва театр раиси шабакаи телевизионии "Сафина" таъйин шуд. Вай дар ин мақом Маҳмадсаид Пировро иваз кард. Пиров раёсати "Тоҷикфилм"-ро бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG