Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 29-уми сентябр Озода Раҳмонова, духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид.

Озода Раҳмонова то ба имрӯз раҳбарии идораи консулии ин вазоратро бар дӯш дошт.

Дар ҷаласаи ҳукуматӣ, ки дар рӯзи 29-уми сентябр баргузор гардид, ҳамчунин якчанд таъиноти дигар низ сурат гирифтанд. Аз ҷумла, Зӯҳро Оқимбекова муовини раиси Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мавсума Мӯъминова муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардиданд.

Юсуф Султонебов муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Акбар Файзов - директори корхонаи «Востокредмет» ва Усмоналӣ Усмонов - директори Маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

Инчунин, бо қарори Ҳукумати ҶТ Лутфулло Давлатов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадсаид Пировро иваз намуд, ки ба вазифаи директори «Тоҷикфильм» гузаронида шуд.

Лутфулло Давлатов қабл аз ин дар вазифаи роҳбари Муассисаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Хабари таъиноти нав дар сомонаи расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар сомонаи интернетии хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG