Пайвандҳои дастрасӣ

Интисоби Озода Раҳмонова ба муовинии вазири хориҷа


Имрӯз дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон як силсила тағйироти кадрӣ муаррифӣ шуд. Аз ҷумла Озода Раҳмонова, духтари севвуми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини вазири умури хориҷӣ таъйин шудааст. Озода Раҳмонова дар баҳори соли 2007 раҳбари идораи консулии вазорати умури хориҷа таъйин шуда буд.
Дар ҷаласаи имрӯза ҳунарпешаи шинохта Лутфулло Давлатов мудири телевизиони “Сафина” таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадсаид Пировро, ки мудири киностудияи “Тоҷикфилм” интисоб шуд, иваз мекунад.
XS
SM
MD
LG