Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои густардаи Русияву Беларус


Русияву Беларус дар пойгоҳҳои наздик ба марзҳои кишварҳои узви паймони низомии НАТО машқҳои густурдаи низомӣ барпо кардаанд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, дар ин машқҳои дурӯза, ки бо истифода аз ҳавопаймоҳову зиреҳпӯшҳо ва анвоъи дигари силоҳҳои сақил сурат гирифт, ҳудуди 12 500 тан аз нирӯҳои ду кишвар ширкат варзиданд. Ин машқҳо дар вилояти ғарбии Калининграду Русия, ки бо Лаҳистону Литва ҳаммарз аст, ва ҳамин тавр дар ҷануби Беларус, дар ҳамагӣ 125-километрии марз бо Лаҳистон, баргузор шуданд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки ҷараёни тамринҳоро ҳамроҳ бо ҳамтои беларусиаш Аляксандр Лукашенка назорра мекард, гуфт, тамриноти ҳафтаи равон табиъати сирф дифоъӣ доранд.
XS
SM
MD
LG