Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили мудофеъи Роман Поланскӣ гуфт, ин коргардони маъруфи синамо алайҳи қасди истирдодаш ба Амрико мубориза хоҳад бурд.

Поланскӣ соли 1978 қабл аз судури ҳукмаш Амрикоро ба қасди Фаронса тарк гуфт ва феълан шаҳрвандии ин кишвари Аврупоро дорад. Давлати Фаронса низ хостори раҳоии ӯ аз боздошт шудааст. Вакилони мудофеъаш бошанд расман аз додгоҳи Швейтсария раҳоии ӯро дархост кардаанд. Додгоҳи федеролии ҷароими ҷиноӣ дар Сюрих гуфтааст, ҳукмашро дар қиболи ин дархост тайи ҳафтаҳои наздик эълон хоҳад кард.

Мақомоти Амрико ин коргардони 76-солаи лаҳистонитабор ва феълан шаҳрванди Фаронсаро ҷинояткоре мешиносанд, ки аз масъулият фирор кардааст. Поланскӣ ҳанӯз соли 1977 ба он айбдор шуд, ки як духтари 13-соларо бо баҳонаи аксбардорӣ барои як маҷаллаи мӯд дар манзили ҳунарпешаи маъруф Ҷек Николсон дар Ҳолливуд машрубот ва дорӯ менӯшонад ва ба номуси ин духтари он замон ҳанӯз ноболиғ таҷовуз мекунад.

Роман Поланскӣ ҳанӯз дар ҳамон айём ба алоқаи ғайримашрӯъи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ айбдор шуда, 42 рӯзро дар боздошт низ ба сар бурд. Поланскӣ мегуфт, духтарак аллакай таҷрубаи равобити ҷинсиро дошт ва худаш ба наздикии ҷинсӣ бо коргардон розӣ шудааст.

Аммо азбаскӣ духтар дар он замон ноболиғ буд, аъмоли Роман Поланскӣ табъан таҷовуз ба номус ва ё равобити ҷинсӣ бо нафари ноболиғ шинохта шуд, ки ҳар ду ҷиноят дониста мешаванд. Соли 1978, ҳанӯз қабл аз судури ҳукмаш Поланскӣ аз Амрико ба қасди Фаронса фирор кард ва дигар боре ҳам ба Иёлоти Муттаҳида барнагашт – ҳатто дар соли 2003, вақте ки ӯ барои филми “Пианинонавоз” сазовори ҷоизаи “Оскар” барои беҳтарин коргардони синамои сол шуд.

Дар авоили моҳи равон мақомоти додситонии иёлати Калифорния фаҳмиданд, ки Роман Поланскӣ мехоҳад ба хотири дарёфти як ҷоиза ва баргузории намоиши филмҳояш дар ҷашнвораи синамои Сюрих ширкат биварзад. Поланскӣ рӯзи 27-уми сентябр аз ҷониби мақомоти Швейсария ва тибқи дастури боздоште, ки додситонҳои амрикоӣ содир кардаанд, дастгир шуд. Вазири адлияи Швейтсария Эвелин Видмер-Шлумпф дар ташреҳи ин тасмим гуфт, мақомоти Швейтсария бар асоси паймонҳои имзошуда бо Амрико мукаллаф буданд, Поланскиро боздошт ва ба ҷараёни супурдани ӯ ба дасти бахши умури байналмилалии вазорати адлияи Амрико оғоз кунанд.

Мақомоти Амрико феълан ба ироаи дархости расмии истирдоди Роман Поланскӣ омодагӣ мегиранд. Онҳо барои чунин дархост то 60 рӯз фурсат доранд. Поланскӣ аммо ҳақ дорад бознигарии парвандаи истирдодашро тақозо кунад, ки моҳҳо ва ҳатто солҳоро дар бар хоҳад гирифт.

Ғолибан, коргардони маъруф дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш ба Амрико ва бознигариҳои баъдии ин парванда то чанд моҳи наздикро дар Швейтсария дар боздошт ба сар хоҳад бурд. Қаблан, чунин як қазия дар мавриди вазири пешини нирӯи атомии Русия Евгений Адамов низ пеш омада буд. Адамов дар Швейсария бо дархости мақомоти Амрико боздошт шуд, вале Русия айни тақозоро кард ва дар ниҳоят баъд аз 7 моҳи боздошт Адамовро ба Маскав супурданд, на ба Вошингтон.

Поланскӣ, муаллифи филмҳои ҷаҳонгире, чун “Пианинонавоз”, “Чайнатаун” ва “Тифли Розмарӣ” ба ҷуз аз ҷоизаи “Оскар”, дар соли 2002 шоҳҷоизаи ҷашнвораи Каннро низ ба даст оварда буд. Боздошти ӯ мояи бурузи мавҷи даъватҳои байналмилалӣ ба раҳоии ин коргардони маъруф шуда, вазоратҳои хориҷаи Лаҳистону Фаронса ва ҳамин тавр, беш аз 70 коргардони шӯҳратёри синамои дунё, бо шумули Анҷей Вайда раҳоии Поланскиро тақозо кардаанд.
XS
SM
MD
LG