Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони энержӣ дар Тоҷикистон муддати чанд соли ахир на танҳо мардумро дар заминаи дастрасӣ ба нерӯи барқ ва газ ба мушкил рӯ ба рӯ кард, балки ба иқтисоди хонаводаҳо низ асароти номатлуб ворид кард. Дар пайи қатъи бидуни огаҳии интиқоли нерӯи барқ ва ё гази табиӣ ба манзили шаҳрвандон, чандин ҳодисаҳои сӯхтор ва таркиши гази табиӣ, ки дар ниҳоят ба оташ гирифтани манзили шаҳрвандон, корношоям шудани таҷҳизот, аз қабили телевизор, яхдон, дастгоҳи радио ва ғайра оварда расондааст.

Масъулони Созмони масрафкунандагони Тоҷикистон мегӯянд, дар чунин маворид ҳуқуқи шаҳрвандон, ки истеъмолкунанда ҳастанд, поймол мешавад. Баҳодур Ҳабибов, раиси иҷроияи Созмони масрафкунандагони Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «таҳқиқотҳои мо собит кард, ки беш аз сад дар сад ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз сӯи таъминкунанлагон поймол мешавад. Ин дар ҳолест, ки қонун таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандаро тақозо дорад ва ниҳоди таъминкунанда бояд неруи барқ ва газро бидуни маҳдудият ба шаҳрвандон таъмин кунанд. Албатта, истеъмолкнундагон аз муроҷиат худдорӣ мекунанд. Зеро, бовар надоранд, ки мушкилашон ҳал шавад. Танҳо се баҳси додгоҳиро мо ҳимоят кардем ва дуи он ба нафъи истеъмолкунандагон ҳал шуд ва якеи дигар дар додгоҳ аст».

Саид Атоев, раиси Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе, нақз шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар чанд соли ахирро таъид кард ва гуфт, «дарвоқеъ ин маворид ҷой дошт. Чун пештар система дигар буд. Идораи хоҷагии манзилӣ низ дар ин байн хадамот иҷро мекард, ҳамакнун бо дастури ҳукумат тамомии ниёзи истеъмолкунанда ба ӯҳдаи шабакаҳои барқӣ аст, ки мо талош мекунем, ислоҳот ворид кунем».

Баррасии ҳимояи ҳуқуқи масрафкунандагон дар бахши энержӣ дар ҳолест, ки ҳамакнун истифода аз чароғҳои каммасраф дар қаламрави Тоҷикистон роиҷ шуда, аммо сифати ин лампаҳо нигарониҳоеро дар миёни мардуми ин кишвар ба бор овардааст. Як сокини шаҳри Душанбе гуфт, «ду лампа 4,5 сомонӣ харидорӣ кардам ва ду рӯз нагузашт, сӯхт. Боз нав харидам, агар ин ҳам сӯзад, намедонам ба куҷо муроҷиат кунам».

Марди дигаре мегӯяд, «моро маҷбур карда истодаанд. Охир ин лампаҳо корношоям ҳастанд, зуд корношоям мешаванд. Як лампаи давраи Шӯравӣ солҳо беш аз даҳ сол боз истифода шуда истодааст. Мо ҳайронем, маҷбур мекунанд».

Шодӣ Шабдолов, вакили порлумони Тоҷикистон бо он ки истифода аз чароғҳои каммасрафро омили сарфаҷӯйии неруи барқ дар ин кишвар медонад, аммо бар ин назар аст, ки иқдоми иҷбории давлат дар заминаи гузаштан ба чароғҳои каммасраф нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст, «албатта кормандони шаҳрдорӣ бояд ба мардум заминаҳои каммасраф будани ин лампаҳоро фаҳмонанд, на ин ки зӯран ба онҳо бор кунанд. Зӯран бор кардан ин хилофи қонун аст».

Амонулло Ашӯров, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз як рӯзи дигар, яъне аз 1 октябр ин кишвар комилан ба истифодаи чароғҳои каммасраф хоҳад гузашт. Бо вуҷуди сару садоҳои зиёд дар мавриди пастсифат будани ин чароғҳо, оқои Ашӯров гуфт, ҳеҷ гуна шикояте ба ниҳодҳои давлатӣ дар ин замина нарасидааст.

Масъулони Созмони масрафкунандагони Тоҷикистон иллати ин амрро дар поин будани мизони огаҳии ҳуқуқии шаҳрвандон медонанд. Зеро, бар асоси пажӯҳишҳои ин созмон, танҳо камтар аз 20 дарсади шаҳрвандон аз ҳуқуқи истеъмолии хеш бохабар ҳастанд. Аз сӯи дигар, масъулони ин созмон мегӯянд, шаҳрвандон дар заминаи талаб кардани ҳуқуқи истеъмолиашон ҷасорат надоранд ва дорои мафкураи шахшудаи даврони Шӯравӣ ҳастанд. Ин аст, ки ба гуфтаи ин масъулон, истеъмолкунандагон ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат намекунанд. Гузоришҳои расмӣ низ ҳокист, ки муддати ду соли ахир муроҷиати шаҳрвандон танҳо ба Идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Масъулони Созмони масрафкунандагони Тоҷикистон мегӯянд, иқдомотеро дар заминаи боло бурдани сатҳи огаҳии истеъмолкунандагон ба манзури ҳимояи ҳуқуқи онҳо рӯи даст гирифтаанд. Иттиҳоди Аврупо аз мубтакирони аслии ин тарҳ аст. Ин дар ҳолест, ки ҳимояи ҳуқуқи масрафкунандагон дар Урупо дар мадди назари ниҳодҳои масъул қарор дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG