Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи мушакӣ ба қароргоҳи Толибон дар Вазиристон


Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, имрӯз ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар сарзамингҳои қабиланишини шимолу ғарби Покистон 5 нафареро, ки бовар меравад, марбут ба Толибон бошанд, кушта ба ҷо гузошт. Ба гуфтаи мақомот, ин мушак ба қароргоҳи фармондеҳи маҳаллии Толибон Ирфон Маҳсуд асобат кардааст.
Ҳамлаи мушакии имрӯза дар манотиқи қабиланишини Вазиристони ҷанубӣ, ки як паноҳгоҳи ҷангиёни исломӣ маҳсуб шуда, ба бовари Вошингтон, барои таҳияи ҳамалот алайҳи нирӯҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон ҳамҷавор истифода мешавад, сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG