Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон бозрасии Роғунро мехоҳад


Садама дар Саяно-Шушенский ҷони 75 нафарро рабуд

Садама дар Саяно-Шушенский ҷони 75 нафарро рабуд

Ӯзбакистон аз Маҷмаъи умумии СММ даъват кардааст, ки комиссияи вижае барои баррасии вазъи техникии сарбанди нерӯгоҳҳои ҳавзаи Сирдарё ва Амударё таъсис диҳад.

Владимир Норов, вазири умури хориҷии Узбакистон гуфтааст, садамаи ахир дар нерӯгоҳи Саяна-Шушенски Сибир нигаронӣ аз вазъи бехатарии ҳамаи нерӯгоҳҳои дар замони Иттифоқи шӯравӣ сохташударо ба бор овардааст ва вазъи ин нерӯгоҳҳо бояд мавриди арзёбии камисюни СМ қарор бигирад. Ҷониби Ӯзбакистон иддао дорад, ки нерӯгоҳҳои мазкур дар сурат дидани садама хисроти зиёде ба муҳити зист ворид хоҳанд кард.

Даъвати таъсиси комиссияи вижаи СММ барои баррасии вазъи бехатарии сарбанди ниругоҳҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аз суи Узбакистон боиси вокунишҳои мухталифе шудааст. Дар ҳоле, ки бархе маҳофил ин идддаоро ҳамчунон як иқдоми сиёсии Узбакистон унвон мекунанд, бархе ҳам мӯътақиданд, ки таъсиси чунин комиссия ба нафъи Тоҷикистон низ метавонад бошад. Зеро солҳои ахир дар воқеъ вазъи назорат бар бехатарии техникии ҳам ниругоҳҳо ва хоса сарбандҳо ҳолати беҳтареро тақозо мекунад. Ва садамаи ахир дар Саяна-Шушенск, ба гуфтаи бархе мутахассисон, ин иддаоро, ки ниругоҳҳои барқи обӣ комилан безиён ҳастанд, заиф кардааст. Иддаое, ки вазири умури хориҷии Узбакистон низ иддаои худро аз минбари СММ дар заминаи он изҳор намуд.

Мирзошариф Исломиддинов, раиси Кумитаи энергетика ва саноати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон биме аз таъсиси чунин комиссияҳо надорад, зеро дар сохтмони сарбандҳо ба амали хилофӣ ва пинҳоне даст назадааст. Агарчанд ӯ садама дар Саяна-Шушинскро муҷиби нигаронӣ намедонад ва мегӯяд, он садамаи минтақаӣ набуд, зеро сарбанди ин ниругоҳ тахриб нашудааст. Ва хориҷ аз дохили ниругоҳ ба чизе зиён ворид накард. Оғои Исломиддинов мегӯяд, ба амнияти техникии сарбандҳои Тоҷикистон комилан итминон дорад.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, бояд ба чунин пешниҳоде барои таъсиси комиссия ҷиҳати баррасии авзоъи амниятии сарбандҳо мувофиқат кард ва биме аз он надошт. Зеро, кори чунин комиссияҳо метавонад аз як сӯ замонати иҷрои тарҳҳо шавад ва аз сӯи дигар, бахше аз масъулиятро аз шонаҳои Тоҷикистон соқит хоҳад кард. Ва аз ҳама муҳим баҳсҳо дар ин заминаро хотима хоҳад гузошт. Зеро, дарвоқеъ, ба гуфтаи бархе донишмандони тоҷик, наметавон иддао кард, ки ҳар барномаеро, ки инсон месозад бо ҳама бузургиаш комилан безарар бошад.

Аз сӯи дигар, бархе дигар коршиносони тоҷик мегӯянд, баъди аз фурӯпошии Шӯравӣ нигароние ҳам метавонад аз вазъи нигаҳдории техникии сарбандҳо ҷой дошта бошад. Агарчанд зоҳиран иқдомоте дар назорат аз вазъи амнии нирӯгоҳҳо анҷом ва натиҷааш гузориш ҳам мешавад. Аммо на мисли солиёни пешин, ки комиссияҳои вижаи саросарӣ ё Маскав чунин кореро ба сурати муназзам анҷом медоданд. Вале феълан барои намунагирӣ ва анҷоми корҳои таҳқиқотии олимон маблағе ҷудо намешавад. Ғуломиддин Сайфиддинов, корманди собиқи ширкати «Барқи тоҷик», ва устоди Донишгоҳи техники Тоҷикистон, мегӯяд, мисли собиқ донишмандон дигар намеоянд ва таҳқиқоте анҷом намедиҳанд, зеро созишнома бо онҳоро «Барқи тоҷик» имзо намекунад.

Вале масъулини тоҷик мегӯяд, сарбандҳои мавҷуд ҳадди ақал аз ноҳияи тобоварӣ ба заминларза мутмаин мебошанд. Ба гуфтаи Мирзошариф Исломиддинов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон, маҳз ба хотири ба зилзила тобовар сохтани ин сарбанд, яъне эҷоди сарбанд аз сангу хок қарордоди Тоҷикистон бо Русал барои сохтмони Роғун дучори мушкил шуд. Зеро Русал ба сохтани ин сарбанд аз оҳану бетон пофишорӣ мекард, дар ҳоле, ки дар минтақаи зилзилахез сарбанди иборат аз шағал ё сангу хок тобовартар аст.

Вале боз ҳам бархе таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳама иддаои ҷониби Узбакистон талоше барои ҷилавгирӣ аз идомаи сохтмони ниругоҳҳои азим дар Тоҷикистону Қирғизистон аст. Зеро дар он сурат ба иддаои Узбакистон дар кишварҳои поёноб муҳити зист хисорот дида ва ҳазорон гектар замин биёбон хоҳад шуд. Иддаое, ки Тоҷикистону Қирғизистон онро ҳамвора рад кардааст ва суханони ахири вазири умури хориҷии Узбакистонро низ идомаи баҳси обӣ медонанд. Вале ҳар чӣ ҳам набошад, коршиносони умури сиёсӣ ва минтақаӣ тарҳи ин масъала дар СММ шиддати бештар касб кардани баҳси оби минтақа медонанд. Баҳсе, ки маълум нест фардо бо чӣ мавзуъе дигар идома хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG