Пайвандҳои дастрасӣ

Фухиморӣ дар ҷиноёти бештаре муҷрим шинохта шуд


Раисиҷумҳури собиқи Перу Алберто Фухиморӣ дар судури дастури сабти ғайриқонунии гуфтугӯҳои телефонӣ ва ришва додан ба хабарнигорону тоҷирон ва сиёсатмадорони мухолиф тайи замони ҳукуматаш бар ин кишвари Амрикои Лотинӣ дар солҳои 90 муҷрим шинохта шуд. Фухимории 71-сола, ки соли 2007 аз Ҷопон ба Перу мустарид шуд, акнун метавонад ба 8 соли зиндон маҳкум шавад. Ӯ қаблан бо ҷароиме, чун судури дастури қатлҳои дастаҷамъӣ ва одамрабоӣ 25 сол ҳукми зиндон гирифта буд. Худи Фухиморӣ иттиҳомоти ахирро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ номида, гуфтааст, ҳадаф хадшадор кардани эътибори сиёсии духтари ӯст, ки интизор меравад, дар соли 2011 ба хотири дарёфти мақоми раҳбарии Перу вориди корзор шавад.
XS
SM
MD
LG