Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поланскӣ алайҳи истирдодаш мубориза хоҳад бурд


Вакили мудофеъи Роман Поланскӣ гуфт, ин коргардони маъруфи синамо алайҳи қасди истирдодаш ба Амрико мубориза хоҳад бурд. Мақомоти аёлати Калифорнияи Амрико Поланскиро ба алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 13-сола дар соли 1977 муттаҳам мекунанд. Тими Поланскӣ талош хоҳад кард, ғайриқонунӣ будани дархости мақомоти Амрикоро собит ва раҳоии коргардони 76-соларо аз боздошт таъмин кунад.
Поланскӣ ду рӯз пеш дар роҳ ба ҷашвораи синамои Тсюрих аз ҷониби мақомоти пулиси Швейтсария боздошт шуд ва акнун бо таҳдиди истирдод ба Амрико рӯбарӯ шудааст.
Поланскӣ соли 1978 қабл аз судури ҳукмаш Амрикоро ба қасди Фаронса тарк гуфт ва феълан шаҳрвандии ин кишвари Аврупоро дорад. Давлати Фаронса низ хостори раҳоии ӯ аз боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG