Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушта шудани ҳудуди 90 тазоҳургар дар Гвинея


Нирӯҳои амниятии Гвинея, кишваре дар ғарби Африқо, дирӯз алайҳи тазоҳуроти мухолифин оташ кушоданд, ки мунҷар ба ҳалокати ҳудуди 90 нафар шуд. Бино ба хабарҳо, нирӯҳо зимни амалиёти пароканда кардани ҳазорон эътирозгари гирдиҳамомада дар варзишгоҳи Конакирӣ, пойтахти Гвинея, алайҳи издиҳом оташ кушодаанд. Ин тазоҳурот алайҳи ҳокими хунтаи низомии Гвинея капитан Мӯсо Додис Камара буд, ки зоҳиран мехоҳад бар хилофи тааҳҳуди супурдааш дар интихоботи моҳи январи раёсати ин ҷумҳурӣ ширкат варзад.
Камара соли гузашта дар пайи даргузашти Лансана Конте, ки тайи ду даҳсола зимоми раёсати Гвинеяро дар даст дошт, ба чавкии қудрат нишаст. Фаронса дар як баёния “таъқиби хушунатомез”-и тазоҳуроти мухолифин дар ин мустамликаи пешинашро шадидан маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG