Пайвандҳои дастрасӣ

Фиристодаҳои Исроил ба Вошингтон мераванд


Ду фиристодаи Исроил имрӯз ба хотири баррасии роҳҳои азсаргирии музокироти сулҳ бо фаластиниҳо озими Вошингтон мешаванд. Исҳоқ Молҳо, мушовири аршади сарвазир Бенямин Нетаняҳу ва Мишел Ҳерсог, фармондеҳи ситоди вазорати дифоъи Исроил рӯзи чоршанбе дар Вошингтон бо фиристодаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл мулоқот хоҳанд кард. Дидори Митчелл бо раҳбари ҳайъати музокиротии фаластиниҳо Соиб Урайқот рӯзи ҷумъа дар назар аст.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ҳафтаи гузашта гуфт, аз ҳар ду ҷониб хостааст, то намояндагони худро барои музокирот ба Вошингтон бифиристанд.
XS
SM
MD
LG