Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба таҷлили бошукӯҳи 80-солагии таъсиси ҶШСТ


Иҷлоси муштараки бахшҳои ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳр ва минтақаи Кӯлоб хостори таҷлили бошукӯҳи ҷашни 80-солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таърихи 16 октябри соли ҷорӣ шудааст. Шариф Сафаров, котиби аввали созмони ҳизби коммунист дар Кӯлоб гуфтааст, таърихро набояд сарфи назар ва ё таҳриф кард ва дар ҳоле ки идҳое, назири Рӯзи кадуро дар кишвар дар сатҳи олӣ таҷлил мекунанд, чаро дар мавриди санаи муҳими таърихие, чун рӯзи таъсиси ҶШСТ то ҳол дар ягон ҷо ҳатто ишорае нест?
Тоҷикистон, ки аз соли 1924 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Узбакистон буд, дар таърихи 16 октябри соли 1929 мақоми ҷумҳурии мустақилро дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард. Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991 эълони истиқлолият кард ва бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар поёни ҳамон сол аз итоати Маскав комилан раҳо ёфт.
XS
SM
MD
LG