Пайвандҳои дастрасӣ

"Нархи манзил дар Душанбе пойин нахоҳад рафт"


Раҳбари Иттиҳодияи бинокорони Тоҷикистон гуфтааст, дар солҳои наздик нархи манзил дар Тоҷикистон пойин нахоҳад рафт. Файзалӣ Раҷабов ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти соли ҷорӣ қимати манзил дар Душанбе то 20 дарсад коҳиш ёфт, вале баъдан 5 дарсад боло рафта дигар тағйире накардааст. Оқои Раҷабов суръати тунди сохтмонро як иллати аслии баланд будани нархи манзил дар кишвар номида, гуфтааст, имсол сармоягузорӣ дар бахши сохтмон амалан сурат нагирифтааст.
Нархи як метри мураббаъи манзил дар канораҳои Душанбе аз 500 то 800 доллар буда, дар маркази пойтахт то ба 1500 доллар мерасад.
XS
SM
MD
LG