Пайвандҳои дастрасӣ

Шералӣ Хайруллоев ба Маскав рафтааст


Вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба хотири баррасии масоили ҳамкориҳои фанниву низомии ду кишвар ба Маскав, пойтахти Русия рафтааст. Гуфта мешавад, Хайруллоев зимни ин сафар мавзӯъи тарбияи афсарони тоҷик дар макотиби низомии Русияро низ дар миён хоҳад гузошт.
Сафари вазири дифоъи Тоҷикистон ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран байни Тоҷикистону Русия бар сари шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия баҳсҳое бархостаанд. Бино ба хабарҳо, Душанбе аз ин пойгоҳ то 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале фармондеҳи ситоди артиши Тоҷикистон генерал Рамил Нодиров ин хабарро радд кард.
XS
SM
MD
LG